ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 0:47 | 12 декабр

Таркиби тими футболи Тоҷикистон қабл аз бозӣ бо Мянма комилан ҷамъ шуд

Дата: 16:17, 12-11-2019.

Душанбе. 12 ноябр. ТоҷикТА – Тими миллии Тоҷикистон қабл аз парвоз ба Мандалай дар Куала Лумпур машқу тамриноти поёниро анҷом доданд, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи сешанбе.
Бино ба иттилоъи маркази матбуъотии ФФТ, ҳимоятгарон – Фарҳод Восиев аз “Нефтехимик”-и Русия, Хуршед Бекназаров аз “ПС ТИРА”-и Индонезия ва Парвиз Умарбоев аз “Локомотив”-и Булғористон ба таркиби тими миллӣ пайвастанд. Ин се тан футболбоз дар бозии дӯстона бо Малайзия ширкат накарда буданд.
Машқу тамриноти поёнии тими миллӣ дар Куала Лумпур бо таркиби комил баргузор шуд.
Субҳи имрӯз футболбозони кишвар тавассути Бангкок ба Мандалай парвоз карданд. Ёдовар мешавем, ки шогирдони Усмон Тошев рӯзи 14 ноябр дар чорчӯби даври муқаддимотии ҶҶ-2022 дар гурӯҳи “Ф” ба масофи тими миллии Мянма мераванд.
Ин бозӣ соъати 17.00 (ба вақти Душанбе 15.30) дар варзишгоҳи Mandalar Thiri Stadium оғоз ва баргузор мешавад.

Поделиться новостью: