ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 0:48 | 12 декабр

Марзбонони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон масоъили ҳамкориро баррасӣ карданд

Дата: 15:11, 12-11-2019.

Душанбе. 12 ноябр. ТоҷикТА – Ахиран дар гузаргоҳи марзии “Дӯстӣ”-и марзи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мулоқоти фармондеҳони нерӯҳои марзии ду кишвар баргузор шуд, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи сешанбе.
Бино ба иттилоъи маркази матбуъотии КДАМ Тоҷикистон, Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи нерӯҳои марзии КДАМ бо Руслан Мирзоев, ҳамтои ӯзбекистонии худ масоъили тавсеъаи минбаъда ва беҳбудии равобити ҳамсоягӣ ва густариши ҳамкорӣ дар заминаи ҳифзи марзҳои давлатиро баррасӣ карданд.
Тарафҳо ба масоъили ҳамкорӣ дар мубориза бо қочоқи силоҳ, ифротгароиву терроризм дар манотиқи марзӣ, ҳушдордиҳӣ, кашф ва пешгирӣ аз қочоқи маводди мухаддирот, фаъолияти гурӯҳҳои ҷиноӣ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва ғайра таваҷҷӯҳ зоҳир карданд.

Поделиться новостью: