ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 2:22 | 10 декабр

Муштзанони Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ду медал касб карданд

Дата: 14:26, 12-08-2019.

Душанбе. 12 август. ТоҷикТА – Муштзанони Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар миёни донишҷӯён, ки рӯзҳои 1-9 август дар шаҳри Ал Қувайт баргузор шуд, дуто медал касб карданд, гузориш медиҳад ТоҷикТА.
Бино ба иттилоъи федерасиюни бокси Тоҷикистон, дар ин мусобиқот, ки бо ҳузури 150 муштзан аз 21 кишвар барпо шуд, 9 варзишкори тоҷик ширкат карданд.
Руслан Ғафуров дар радаи вазни 37 кило ва Шаҳбоз Додоҷонов дар вазни 52 кило барандаи медалҳои брунз шуданд.
Ҳар ду муштзани тоҷик дар роҳи финал аз ҳамтоёни ӯзбекистонии худ шикаст хӯрданд.

Поделиться новостью: