ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 12:31 | 18 июл

Имрӯз дар Данғара чанд сохтмони нав ба баҳрабардорӣ расид

Дата: 17:51, 12-07-2019.

Душанбе. 12 июл. ТоҷикТА – Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз дар ноҳияи Данғара чанд сохтмони навро ба баҳрабардорӣ расонд, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи ҷумъа.
Бино ба иттилоъи маркази матбуъотии раисҷумҳури ҶТ, дар Данғара бо ҳузури Раҳмон ҷоддаи мошингарди Себистон-Нурафшон гушойиш ёфт. Ин ҷоддаи мошингард 21 километр ва вусъаташ 7 метр мебошад. Ин ҷодда, ки бо ибтикору меҳнати соҳибкорону мардуми ноҳия сохта шуд, вақти рафту омади мардуми ҷамоъати рустоии Оқсу ба маркази ноҳияро кӯтоҳ мекунад.
Ҳамчунин, раисҷумҳур дар маросими гушойиши бинои мактабҳо дар рустои Кӯли Сӯфиён ва деҳаки Талхоби ҷамоъати рустоии Оқсу ширкат кард.
Дар Талхоб маркази дуошёни омӯзишӣ-хидматрасонӣ баҳрабардорӣ шуд, ки дар нахустин ошёни он дӯконҳо ҷойгир шудаанд.

Поделиться новостью: