ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 15:33 | 13 ноябр

Раҳмон раисҷумҳури наи Литваро шодбош гуфт

Дата: 16:14, 12-07-2019.

Душанбе. 12 июл. ТоҷикТА – Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи гузашта бо ирсоли барқия Гитанасу Науседа, раисҷумҳури навинтихоби Литваро шодбош гуфт, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи ҷумъа.
Бино ба иттилоъи дафтари матбуъотии раисҷумҳури ҶТ, Раҳмон аз ҷумла, гуфт, “Аз самими қалб Шуморо бо оғози фаъолият дар мақоми раёсатҷумҳурии Литва шодбош мегӯям.
Мо ба тавсеъаи равобити дӯстона ва ҳамкории судманд бо Ҷумҳурии Литва аълоқа дорем ва ба ояндаи онҳо хушбинона менигарем”.
Раисҷумҳури Тоҷикистон ба Науседа саломатӣ, ба фаълияташ комёбӣ ва ба Литва рушду шукуфоӣ орзу кард.

Поделиться новостью: