ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 11:35 | 18 июл

Дар Тоҷикистон ба арзиши $132,2 миллион масолеҳи сохтмонӣ тавлид шуд

Дата: 15:25, 12-07-2019.

Душанбе. 12 июл. ТоҷикТА – Дар нимсолаи аввал дар Тоҷикистон ба арзиши беш аз 1,2 миллиард сомонӣ (132,2 миллион доллар) масолеҳи сохтмонӣ тавлид шуд, гузориш медиҳад ТоҷикТА.
Бино ба иттилоъи вазорати саноеъ ва фанновариҳои нави ҶТ, ҳаҷми тавлиди масолеҳи сохтмонӣ дар муқойиса бо нимсолаи аввали 2018 168,8 миллион сомонӣ (17,9 миллон доллар) афзойиш ёфт.
Дар ин давр  ширкатҳои тавлидотии ҶТ 1,9 миллион тонна симон тавлид  карданд.
Тоҷикистон дар 6 моҳ ба кишварҳои хориҷӣ 745 ҳазор тонна симон, аз ҷумла, ба Ӯзбекистон 433 ҳазор тонна, ба Афғонистон 280 ҳазор тонна ва ба Қирғизистон 33,7 миллион тонна симон содир кард.
Ҳаҷми содироти масолеҳи сохтмонӣ дар ин муддат 33,9 миллион доллар ва воридот 20,8 миллион доллар буд.

Поделиться новостью: