ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 15:00 | 17 октябр

Раҳмон бо тарҳҳои 9 меҳмонхонаи нав, ки дар Душанбе сохта мешаванд, ошно шуд

Дата: 14:23, 12-07-2019.

Душанбе. 12 июл. ТоҷикТА – Рӯзи гузашта дар Кохи миллат бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури ҶТ ва Рустам Эмомалӣ, шаҳрдори пойтахт маросими муаррифии тарҳи 9 меҳмонхонаи нав, ки дар Душанбе сохта мешавад, баргузор шуд, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи ҷумъа.
Бино ба иттилоъи маркази матбуъотии раисҷумҳури ҶТ, Раҳмон дар ин маросим бо тарҳи меҳмонхонаҳои нав ошно шуд. Ин 9 меҳмонхона дар кулл дорои 630 утоқ ва тавони пазироии беш аз ҳазор тан хоҳад дошт. Муддати сохтусози меҳмонхонаҳо, ки 3,4 ва 5-ситораӣ хоҳанд буд, 2 сол мебошад. Соҳибкорони кишвар сохтусози меҳмонхонаҳоро сармоягузорӣ мекунанд.
Раҳмон аз созандагон тақозо кард, ки сохтусоз бо кайфияти болову назардошти меъёрҳои миллӣ, бо истифода аз ҳунари волои меъмонрӣ анҷом дода шавад.

Поделиться новостью: