Ирон сохтусози тунели Истиқлол дар Тоҷикистонро ба поён мерасонад

Дата: 16:18, 11-12-2019.

Душанбе. 11 декабр. ТоҷикТА – Ирон дар Тоҷикистон сохтусози нақби Истиқлолро ба поён мерасонад, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи чоршанбе.
Дар ин бора Беҳрӯз Муродӣ, мудири муҷрии ширкати тавсеъаи захоири обӣ ва энержии Тоҷикистон гуфт.
Тавофуқномаи марбутаро вазирони энержии Тоҷикстону Ирон имзо карданд.
Ёдовар мешавем, ки ин тунели 5 километрӣ соли 2006 аз сӯи мутахассисони Ирон сохта шуда буд. Вале сохтусоз ба поён нарасид.
Нақби Истиқлол Душанберо бо шимоли кишвар пайваст мекунад.

Поделиться новостью: