ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 21:24 | 17 январ

Тоҷикистон дар нишасти “Қалби Осиё/Раванди Истанбул” ширкат кард

Дата: 14:19, 11-12-2019.

Душанбе. 11 декабр. ТоҷикТА - 8-умин конфронси “Қолаби Осиё/Раванди Истанбул” дар сатҳи вазирон таҳти ъунвони “Сулҳ, широкат, шукуфоӣ” бо ширкати Тоҷикистон дар Истанбул баргузор шуд, гузориш медиҳад ТоҷикТА.
Бино ба иттилоъи вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, Тоҷикистон дар ин нишаст яке аз руасои раванд интихоб шуд.
Дар нишаст созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои ъузви “Қолаби Осиё/Раванди Истанбул” ширкат карданд.
Тоҷикистон дар нишаст таҳти раёсати Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷӣ ҳузур дошт.
Сироҷиддин Муҳриддин дар суханронии худ мавқеъи созандаи кишварҳо дар роҳи таъмини сулҳу субот ва шукуфоӣ дар кишварҳои ҳамсоя таъкид ва кишварҳои узви раванд, кишварҳои кумакдиҳанда ва созмонҳои байналмилаливу минтақаиро ба пуштибонии равандҳои мусбат дар Афғонистон даъват кард.
Дар поёни конфронс эъломияи марбута қабул шуд. Бар асоси он, Тоҷикистон соли 2020 дар раёсати раванди Истанбул ширкат хоҳад кард.
Дар ҳошияи нишаст дидори Сироҷиддин Муҳриддин бо хонум Эдис Уэллс, ёвари вазири умури хориҷии ИМА дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ барпо шуд.
Дар мулоқот масоъили марбут ба равобиту ҳамкории ду кишвар баррасӣ гардид.

Поделиться новостью: