ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 16:08 | 17 сентябр

Шатранҷбози Тоҷикистон дар Деҳлӣ медали нуқра касб кард

Дата: 16:56, 11-09-2019.

Душанбе. 11 сентябр. ТоҷикТА – Сабрина Абророва, шатранҷбози Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиёи Ғарбӣ дар миёни донишомӯзон, ки рӯзи гузашта дар Деҳлӣ поён ёфт, дар рақобатҳои шатранҷи классикӣ медали нуқра касб кард, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи чоршанбе.
Бино ба иттилоъи кумитаи миллии Олимпики Тоҷикистон, Абророва бо 6 бурд дар 9 бозӣ паллаи дувумро дарёфт кард.
Дар паллаҳои якум ва савум шатранҷбозони ҳинд ҷойгир шуданд.
Ёдовар мешавем, ки Абророва дар рақобатҳои рапиди ин мусобиқот низ медали нуқра касб карда буд.
Дар ин мусобиқот аз 10 кишвари Осиё 336 нафар шатранҷбоз ширкат карданд.

Поделиться новостью: