ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 15:13 | 17 сентябр

Нархи орд дар Тоҷикистон афзойиш ёфт

Дата: 14:18, 11-09-2019.

Душанбе. 11 сентябр. ТоҷикТА – Дар поёни моҳи август нархи як ҷувол орди навъи якуми тавлиди Қазоқистон дар Тоҷикистон аз 185 то 210 сомонӣ рушд кард, гузориш медиҳад ТоҷикТА.
Бино ба иттилоъи вазорати рушди иқтисод ва бозаргонии Тоҷикистон, дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ ҶТ 654,5 ҳазор тонна ғалла ва 28,6 ҳазор тонна орд ба нархи миёнгини ҳар тонна 240 доллар ворид кард.
Дар муқойиса бо даври мушобеҳи соли гузашта воридоти ғалла 7,1 дарсад ва орд 50,5 дарсад афзойиш ёфт.
Бар асоси додаҳои вазорати кишоварзии Тоҷикистон имсол дар 291 ҳазору 510 ҳектор ғалла кишт шуд. Дар ин муддат 916 ҳазор тонна ғалла, аз ҷумла, беш аз 744,4 ҳазор тонна гандум бардошта шуд.

Поделиться новостью: