ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 0:51 | 12 декабр

БУОТ роҳандозии равобити наздик бо Тоҷикистонро барномарезӣ мекунад

Дата: 12:05, 11-07-2019.

Душанбе. 11 июл. ТоҷикТА – Бонки уруосиёии тавсеъаи Тоҷикистон дар садади роҳандозии равобити наздик бо Тоҷикистон мебошад, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи панҷшанбе.
Андрей Белянинов, раиси мудирияти БУОТ рӯзи гузашта дар нишасти расонаӣ гуфт, ки тасреъи ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ва Қирғизистон аввалиятҳои ин бонк мебошад.
Вай гуфт, ки раёсати бонк дар ҳоли ҳозир пешниҳодҳои Бонки миллӣ ва вазорати молии Тоҷикистон мунтазир аст.
Ба гуфтаи вай, дар ҳоли ҳозир ҳамкории ҶТ ва БУОТ дар сатҳи дилхоҳ нест.
Раиси БУОТ таъкид кард, ки ин бонк аз Тоҷикистон ъарзаҳои бисёр дарёфт мекунад, вале дар ҳоли ҳозир тарҳҳои дақиқе, ки қобили тамвил аз сӯи БУОТ бошад, вуҷуд надоранд.
Масоъили ироаи эътибороти банк вобаста ба ъузвияти Тоҷикистон дар Иттиҳоди иқтисодии Уруосиё низ ҳаст.
Тоҷикистон ягона кишвари ширкаткунанда дар БУОТ аст, ки ҳанӯз ъузви ИИУО нашудааст.

Поделиться новостью: