ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 16:11 | 17 октябр

КВИ Тоҷикистон мардуми кишварро аз гармои шадид ҳушдор медиҳад

Дата: 11:29, 11-07-2019.

Душанбе. 11 июл. ТоҷикТА – Кумитаи вазъияти изтирорӣ ва дифоъи мадании Тоҷикистон бо истинод ба хадамоти ҳавошиносӣ ҳушдор медиҳад, ки то поёни ҳафта дар кишвар ҳарорати ҳаво аз 38 то 41 дараҷа гарм хоҳад буд, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи панҷшанбе.
Болоравии ҳарорати ҳаво дар баландкӯҳҳо мумкин аст, ки хатари обшавии барфҳо, яхчолҳо, афзойиши сатҳи об дар рӯдхонаҳои Панҷу Вахш ва дар пайи он резиши сангу заминлағзаро ба вуҷуд орад,
КВИ дар иртибот ба ин аз мардуму меҳмонони кишвар дархост мекунад, ки ҳангоми сафар дар навоҳии кӯҳӣ ҳадди аксар ҳушёр бошанд.
Ҳамчунин, мардум ҳангоми тафреҳ дар соҳилҳову, шиноварӣ дар рӯдхонаҳо ба қоидаҳои амниятӣ риоъят кунанд ва ба кӯдаконро бидуни назорат нагузоранд.

Поделиться новостью: