ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 16:21 | 17 октябр

Тими футболи Тоҷикистон дар мусобиқоти байналмилали Сурияро шикаст дод

Дата: 11:14, 11-07-2019.

Душанбе. 11 июл. ТоҷикТА – Тими миллии футболи Тоҷикистон дар мусобиқоти байналмилалии “Hero Interсontinental Cup 2019”, ки дар шаҳри Аҳмадободи Ҳиндустон баргузор аст, тими миллии Сурияро бо натиҷаи 2 бар 0 мағлуб кард, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи панҷшанбе.
Бино ба иттилоъи ФФТ, Комрон Турсунов ва Илҳомҷон Баротов дар дақиқаҳои 46 ва 67 голҳои пирӯзиовари Тоҷикистонро ба самар расонданд.
Рустам Ятимов, дарвозабони бистсолаи тими миллии ҶТ беҳтарин футболбози ин бозӣ эътироф шуд. Ӯ дар чанд маврид зарбаҳои мураккаби рақибонро маҳор кард. Ятимов бо 2500 доллар ҷоизаи нақдӣ сарфароз шуд.
Футболбози ҶТ дар нахустин бози мезбононро бо натиҷаи 4 бар 2 шикаст дода буданд.
Бо ин ҳол Тоҷикистон бо 6 имтиёз садрнишини ҷадвал мебошад.
Рӯзи 15 июл, соъати 19.30 (вақти Душанбе) дар варзишгоҳи «EKA Arena» бозии Тоҷикистон ва Кореяи Шимолӣ баргузор мешавад.

Поделиться новостью: