ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 21:38 | 15 октябр

Дар Душанбе мавсими мотосиклсаворӣ поён меёбад

Дата: 14:13, 10-10-2019.

Душанбе. 10 октябр. ТоҷикТА – Дар Душанбе мавсими мотосиклсаворӣ поён меёбад, Рустам Эмомалӣ, шаҳрдори пойтахт тасмими марбутаро имзо кард, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи панҷшанбе.
Бино ба иттилоъи маркази матбуъотии шаҳрдории Душанбе, бо таваҷҷӯҳ ба поён ёфтани мавсими мотосиклсаворӣ ба бошгоҳи мотосиклсаворон – “Ирбис Тоҷиистон” барои баргузории тадбири “Поёндиҳии мавсими мотосиклсаворӣ – 2019” иҷоза дода мешавад.
Маросими поёнёбии мавсими мотосиклсаворӣ 12 октябр аз соъати 12.00 то 15.00 дар “Наврӯзгоҳ” баргузор мешавад.
Ҳаракати мотосиклсаворон бо пайравии БДА аз хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то Боғи ғалаба баргузор хоҳад шуд.
Сохторҳои масъули шаҳр муваззаф бар таъмини амнияти ширкаткунандагони тадбир шуданд.

Поделиться новостью: