ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 20:54 | 15 октябр

Дар Чин ради пойҳои динозаврҳои 100 миллион сол пешро пайдо карданд

Дата: 13:21, 10-10-2019.

Душанбе. 10 октябр. ТоҷикТА – Деринашиносон дар шаҳри Лансии устони Чжесзяни Чин 20-то ради пойи сангшудаи динозаврҳоро пайдо кашф карданд, гузориш медиҳад ТоҷикТА.
Бино ба иттилоъи хабаргузории Silkroadnews ба нақл аз хабаргузории Синхуа, ради пойҳои динозаврҳо аз 22,7 то 82 сантиметр мебошанд.
Син Лида, номзади ъулуми Донишгоҳи ъулуми заминшиносии Чин гуфт, ки динозаврҳое, ки ин ради пойҳоро гузоштанд, ҷуссаашон аз 3,8 то 14 метр будааст.
Гуфта мешавад, ки ради пойҳо ҳудуди 100 миллион сол пеш, дар Даври бӯр гузошта шудааст. Ради пойҳои динозаврҳо ҳокӣ аз он аст, ки ин минтақа дар замонҳои қадимтарин бо табиъати сарватманду захоири обаш макони динозаврҳои чаҳорпои растанихӯр будааст.
Дар ҳоли ҳозир деринашиносон бо ҳукумати маҳаллӣ барои ҳифзи ради пойҳо кор мекунанд.

Поделиться новостью: