ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 15:13 | 17 сентябр

Дар нимаи аввали сол 77 ҳазор тан ҷӯяндаи кор дар феҳристи хадамоти шуғли аҳолии ҶТ буданд

Дата: 09:52, 10-09-2019.

Душанбе. 10 сентябр. ТоҷикТА – Дар нимаи аввали соли ҷорӣ 77 ҳазор ҷӯяндаи кор дар феҳристи хадамоти шуғли аҳолии Тоҷикистон буданд, гузориш медиҳад ТоҷикТА.
Бино ба иттилоъи ожонси омори ҶТ, дар моҳи июн 11,6 ҳазор тан ба ин хадамот бо масъалаи дарёфти кор муроҷиъат карданд ва 8,9 ҳазор нафари онҳо бо ҷойи корӣ таъмин шуданд.
Шумори ҷойҳои холии корӣ дар ширкатҳое, ки дар нимаи аввали сол ба хадамоти шуғли аҳолӣ муроиҷиъат карданд 10,9 ҳазорто буд ва ин шумор дар муқойиса бо даври мушобеҳи соли гузашта 12,3 дарсад рушд кард.

Поделиться новостью: