ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 11:53 | 18 июл

Дар ин моҳ нахуствазири Кореяи Ҷанубӣ ба Тоҷикистон ташриф хоҳад овард

Дата: 15:07, 10-07-2019.

Душанбе. 10 июл. ТоҷикТА – Ли Нак Ён, нахуствазири Кореяи Ҷанубӣ бо даъвати Қоҳир Расулзода, ҳамтои тоҷикистонии худ рӯзи 15 июл ба Душанбе ташриф меоварад, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи чоршанбе.
Бино ба иттилоъи маркази матбуъотии вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, ташрифи Ли Нак Ёк дар Душанбе то 17 июл тӯл мекашад. Ӯ дар ин миён бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури ҶТ, Қоҳир Расулзода, нахуствазири кишвар ва Рустам Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе дидор мекунад.
Дар ин музокирот масоъили ҳамкории дуҷонибаи ҶТ ва КҶ дар заминаҳои гуногун баррасӣ мегардад. Ҳамчунин, тарафҳо дар бораи масоъили муҳимми минтақаӣ ва байналмилалии мавриди ъалоқаашон табодули афкор хоҳанд шуд.
Дар поёни ин музокирот чанд тавофуқнома ба имзо хоҳанд расид.

Поделиться новостью: