ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 12:34 | 18 июл

Футболбози Тоҷикистон дар мавсими нави лигаи Индонезия якумин голи худро ба самар расонд

Дата: 13:41, 10-07-2019.

Душанбе. 10 июл. ТоҷикТА – Манучеҳр Ҷалилов, муҳоҷими тими миллии Тоҷикистон, ки дар таркиби бошгоҳи “Персебая”-и Индонезия бозӣ мекунад, дар ҳафтумин ҳафтаи лигаи бартари ин кишвар бо як гол дурахшиш кард, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи чоршанбе.
Бино ба иттилоъи маркази матбуъотии федерасиюни футболи ҶТ, дар ин бозӣ “Персебая” бо натиҷаи 2 бар 2 бо бошгоҳи “Барито Путра” мусовӣ кард. Баъди ҳафт бозӣ бошгоҳи Ҷалилов дар ради чаҳоруми ҷадвали лигаи бартари Индонезия қарор дорад.
Бошгоҳи “ТИРА Персикабо”, ки Хуршед Бекназаров, мудофеъи тими миллии Тоҷикистон ъузви он аст, дар ин ҳафта бо бошгоҳи “Семен Паданг” рӯбарӯ шуд ва дар бозии меҳмонӣ бо натиҷаи 3 бар 1 дастболо шуд. “ТИРА Персикабо” дар ҳоли ҳозир дар паллаи дувуми қаҳрамонии Индонезия ҷойгир аст.
Бекназаров аз оғози мавсим дар ҳамаи ҳафт бозӣ ширкат кард ва ҳамагӣ як бор ӯро дар қисми дувуми бозӣ ъиваз карданд.

Поделиться новостью: