Ҳавои Тоҷикистон ҳафтаи ҷорӣ боронӣ аст

Дата: 15:21, 09-12-2019.

Душанбе. 9 декабр. ТоҷикТА – То поёни ҳафтаи ҷорӣ ҳавои Тоҷикистон боронӣ хоҳад буд, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи душанбе.
Бино ба иттилоъи хадамоти обу ҳавошиносии ҶТ, дар давоми ҳафта ҳавои кишвар абрии боронӣ мешавад. Дар водиҳо борони кӯтоҳмуддат, дар манотиқи наздикӯҳӣ ва кӯҳистонҳо борон ба барф мубаддал хоҳад гардид.
Ҳарорати ҳаво дар водиҳо 6-11, дар ҷануби кишвар то 15 дараҷа гарм мешавад.

Поделиться новостью: