ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 22:03 | 15 октябр

Дар Душанбе даргирии ду ҷавон бо қотилӣ поён ёфт

Дата: 16:17, 09-10-2019.

Душанбе. 9 октябр. ТоҷикТА – Даргирии ду ҷавон дар Душанбе бо марги яке аз онҳо анҷом ёфт, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи чоршанбе.
Бино ба иттилоъи маркази матбуъотии вазорати умури дохилии Тоҷикистон,  ин ҳодиса субҳи 8 октябр дар кӯчаи Борбад рух дод. Сокини 19-солаи кӯчаи Сино дар пайи даргирӣ бо сокини 17-солаи маҳаллаи Ҳаёти нав ба қафаси синаи ӯ бо корд зарба зад.
Дар натиҷаи сокини Ҳаёти нав дар ҷойи ҳодиса аз ин захм даргузашт.
Дар ин маврид парвандаи ҷиноӣ боз шуд, бозрасӣ идома дорад.
Кормандони пулис мазнунро боздошт карданд.

Поделиться новостью: