ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 21:36 | 15 октябр

Намояндаи Тоҷикистон комиссари бозии даври муқаддимотии ҶО-2022 таъин шуд

Дата: 14:42, 09-10-2019.

Душанбе. 9 октябр. ТоҷикТА – Давлатманд Исломов, дабири кулли ФФТ комиссари бозии АМЪА-Индонезия дар чорчӯби даври муқаддимотии Ҷоми Осиё 2022 таъин шуд, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи чоршанбе.
Бино ба иттилоъи ФФТ, АМЪА ва Индонезия, ширкаткунандагони гурӯҳи “G” рӯзи 10 октябр дар варзишгоҳи Мактум ибн Рашид Ал Мактуми шаҳри Дубай ба масофи ҳам мераванд.
Ёдовар мешавем, ки тими миллии Тоҷикистон рӯзи 15 октябр дар варзишгоҳи марказии Душанбе бо тими миллии Ҷопон рӯбарӯ хоҳад шуд. Тими миллии кишвар ҳоло дар Душанбе ба ин бозӣ омодагӣ мебинад.

Поделиться новостью: