ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 21:58 | 15 октябр

Муштзанони Тоҷикистон дар Андиҷон ду медал касб карданд

Дата: 11:07, 09-10-2019.

Душанбе. 9 октябр. ТоҷикТА – Муштзанони Тоҷикистон дар мусобиқоти поси хотири Валентин Золотарёв, ки рӯзҳои 5-6 октябр дар шаҳри Андиҷони Ӯзбекисторн баргузор шуд, як медали тилло ва як брунз касб карданд, гузориш медиҳад ТоҷикТА.
Бино ба иттилоъи маркази матбуъотии кумитаи миллии Олимпики Тоҷикистон, дар ин мусобиқот дар кулл 177 муштзан аз Ӯзбекистон, Тоҷиистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Русия ширкат карданд.
5 муштзани тоҷик дар мусобиқот аз Тоҷикистон намояндагӣ карданд. Бахтиёри Мирзомуҳаммад дар радаи вазни то 75 кило барандаи медали тулло шуд. Ӯ дар 5 рақобат ҳамаи рақибонашро шикаст дод.
Дилшод Одилов дар радаи вазни то 52 кило дар рақобати ниманиҳоӣ шикаст хӯрд ва саранҷом медали брунз касб кард.

Поделиться новостью: