ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 22:09 | 15 октябр

Душанбе пойтахти гардишгарии СҲБ дар солҳои 2020-2021 интихоб шуд

Дата: 10:23, 09-10-2019.

Душанбе. 9 октябр. ТоҷикТА – Дар савумин ҷаласаи вазирони гардишгарии кишварҳои ъузви Созмони ҳамкории бозаргонӣ, ки ахиран дар Хуҷанд барпо шуд, Душанбе пойтахти гардишгарии ин созмон дар солҳои 2020-2021 интихоб гардид, гузориш медиҳад ТоҷикТА.
Бино ба иттилоъи кумитаи рушди гардишгарии Тоҷикистон, ин ҷаласа таҳти раёсати ҶТ баргузор шуд.
Нӯъмон Абдуғаффорзода, раиси кумитаи рушди гардишгарӣ гуфт, “Душанбе, пойтахти Тоҷикистон макони баргузории нишастҳои болосатҳи ъилмӣ, фарҳангӣ ва сиёсии байналмилалӣ шудааст ва бо ин асос Душанбе ба ҷаҳон ҳамчун бренди гардишгарии Тоҷикистон муаррифӣ гардид.
Ба гуфтаи Абдуғаффорзода, бо ҳадафи рушди гардишгарӣ ва табдили Душанбе ба шаҳри гардишгарӣ дар пойтахт иқдомҳои зарурӣ ъамалӣ мегарданд.
Аз ҷумла, дар ду соли оянда ба ифтихори 30-вумин солгарди истиқлоли кишвар дар пойтахт 9 меҳмонхонаи нав бо 630 утоқ ва бо зарфияти пазироиши беш аз 1000 нафар сохта мешавад.
Ёдовар мешавем, ки Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Покистон, Тоҷикистон, Туркия, Ӯзбекистон, Эрон ва Туркманистон аъзои СҲБ маҳсуб мешаванд.

Поделиться новостью: