ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 15:18 | 17 сентябр

Эмомалӣ Раҳмон мардуми Тоҷикистонро бо рӯзи истиқлоли миллӣ шодбош гуфт

Дата: 13:08, 09-09-2019.

Душанбе. 9 сентябр. ТоҷикТА – Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёми телевизионии худ мардуми кишварро бо 28-умин солгарди истиқлоли кишвар шодбош гуфт, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи душанбе.
Раҳмон дар паёми худ аз ҷумла, гуфт, “Дар таърихи ҳар мардуму миллат воқеъаҳои бузургу муҳимме рух медиҳад, ки сарнавишту роҳи рушди минбаъдаи онҳоро муъайян мекунад. Истиқлоли давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон чунин рухдоди бузургу таърихи мебошад, ки сарнавишти миллати қадимии моро комилан тағйир дод”...
Раисҷумҳур идома дод, “Бо вуҷуди мушкилоту муаммоҳои солҳои гузашта, аз ҷумла, буҳрони иқтисодӣ ва молии ҷаҳонӣ, мо тавонистем иқтисоди кишварро ба сӯи рушди устувор баргардонем. Дар тӯли 15 соли гузашта суръати рушди солонаи тавлидоти нохолиси дохилӣ ба сурати миёнгин ҳадди ақалл 7 дарсад аст”.

Поделиться новостью: