ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 15:51 | 17 сентябр

Дар Ашқобод нишасти Шӯрои иқтисодии ИКҲ барпо мегардад

Дата: 09:30, 09-09-2019.

Душанбе. 9 сентябр. ТоҷикТА – Рӯзи 13 сентябр дар шаҳри Ашқобод нишасти Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди кишварҳои ҳамсуд барпо мегардад, гузориш медиҳад хабаргузории КирТАГ бо истинод ба хабаргузории Тренд.
Масъалаи баргузории нишасти Шӯрои иқтисодии ИКҲ ахиран дар ВУХ Туркманистон дар дидор бо Виктор Гуминский, нахустмуъовини раиси кумитаи иҷроияи ИКҲ баррасӣ шуд. Ҳамчунин, масоъили марбут ба омодаёбӣ ба нишасти Шӯрои вазирони ИКҲ дар рӯзи 10 октябри соли 2019 ва Шӯрои сарони ИКҲ дар рӯзи 11 октябри соли 2019 мавриди баррасӣ қарор ёфт.
Имсол Туркманистон раёсати ИКҲ-ро бар дӯш дорад.
Ёдовар мешавем, ки Шӯрои иқтисодии ИКҲ моҳи апрели соли 1999 таъсис ёфта буд. Ин шӯро дар заминаҳои таҳияи пешниҳодҳо дар бораи сомонаҳои ҳисоби муқобила ва пардохтҳои бозаргонӣ, иҷоди шароити ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, ва созмонӣ барои гузор ба сатҳҳои беҳтари ҳамкории иқтисодӣ фаъолият дорад.

Поделиться новостью: