ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 16:06 | 17 сентябр

Тоҷикистон дар 7 моҳ 13,2 ҳазор тонна нафт тавлид ва ҳудуди 273 ҳазор тонна маводди нафтӣ ворид кард

Дата: 11:42, 09-09-2019.

Душанбе. 9 сентябр. ТоҷикТА – Дар Тоҷикистон дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 13,2 ҳазор тонна нафт тавлид шуд, ки ин ҳаҷм дар муқойиса бо даври мушобеҳи соли гузашта 4,2 дарсад коҳишро нишон медиҳад, мегузорад хабаргузории ТоҷикТА.
Бино ба иттилоъи вазорати энержӣ ва захоири обии кишвар, Тоҷикистон дар ин муддат беш аз 247,8 ҳазор тонна бензин ва 6,7 ҳазор тонна сӯхти дизелӣ тавлид кард.
Дар зимн, дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ ба ҶТ беш аз 273 ҳазор тонна маводди нафтӣ ба арзиши ҳудуди 113 миллион доллар ворид гардид. Миёнгини нархи ҳар як тонна маводди нафтӣ 414,2 доллар буд.
Воридоти маводии нафтӣ дар муқойиса бо даври мушобеҳи соли гузашта 12,9 ҳазор тонна афзойиш ёфт.
Русия таъминкунандаи аслии Тоҷикистон бо маводди нафтӣ мебошад. Ҳамчунин, Туркманистон, Қазоқистон ва дигар кишварҳо низ ба ҶТ маводди нафтӣ ворид мекунанд.

Поделиться новостью: