ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 1:11 | 21 август

Раисҷумҳури собиқи Қирғизистонро боздошт карданд

Дата: 12:49, 09-08-2019.

Душанбе. 9 август. ТоҷикТА – Алмазбек Отамбоев, раисҷумҳури пешини Қирғизистон бо тасмими додгоҳ то 26 август, дар боздоштгоҳ қарор дорад, гузориш медиҳад хабаргузории КирТАГ.
Сергей Слесарев, вакил гуфт, ки Отамбоев то поён ёфтани бозрасӣ дар боздоштгоҳ хоҳад буд.
Ёдовар мешавем, ки кормандони пулис ва КДАМ Қирғизистон рӯзи гузашта муштаракан дар рустои Қӯй-Тоши ноҳияи Аламудун ъамалиёти боздошти Отамбоевро баргузор карданд.
Дар ъамалиёти нахустин, ки рӯзи 7 август оғоз шуда буд, тарафдорони Отамбоев ба низомиён бо муқобилаи мусаллаҳона карданд. Дар натиҷа беш аз 40 тан захмӣ ва ба бемористон мунтақил шуданд. Яке афсари захмӣ дар бемористон бар асари захмҳо даргузашт.

Поделиться новостью: