ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 1:18 | 21 август

Ҳаҷми кулли будҷаи давлатии Тоҷикистон дар нимаи аввали сол $1,1 миллиард буд

Дата: 13:21, 09-08-2019.

Душанбе. 9 август. ТоҷикТА – Ҳаҷми кулли будҷаи давлатии Тоҷикистон дар нимаи аввали сол 10,9 миллиард сомонӣ (1,1 миллиард доллар) буд, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи ҷумъа.
Бино ба иттилоъи вазорати молии Тоҷикистон, ҳаҷми будҷаи давлатӣ 0,4 дарсад, ё 48,4 миллион сомонӣ (5,1 миллион доллар) бештар аз ҳаҷми барномарезишуда мебошад.
Бар асоси додаҳои вазорати молӣ, даромади дохилии будҷаи давлатӣ дар ин муддат 5,5 миллиард сомонӣ (582,6 миллион доллар) ва даромад аз ъаворизи гумрукӣ 2,5 миллиард сомонӣ (264,8 миллион доллар) буд.
Ёдовар мешавем, ки ҳаҷми кулли будҷаи давлатии ҶТ барои соли 2019 беш аз 23,7 миллиард сомонӣ (беш аз 2 миллиарду 513,1 миллион доллар) таъин шудааст.

Поделиться новостью: