ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 2:23 | 10 декабр

Тоҷикистон ва Кения равобити дипломатикро роҳандозӣ карданд

Дата: 12:23, 09-08-2019.

Душанбе. 9 август. ТоҷикТА – Рӯзи 6 август дар шаҳри Нюйорк маросими имзои Эъломияи муштараки роҳандозии равобити дипломатик дар миёни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Кения барпо шуд, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи ҷумъа.
Бино ба иттилоъи маркази матбуъотии вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, Маҳмадамин Маҳмадаминов ва Лазарус Омбаи Амайо, намояндагони доимии ҶТ ва Кения дар Созмони милали муттаҳид ин эъломияро имзо карданд.
Кения дар Африқои Шарқӣ ҷойгир аст. Кения қабл аз истиқлол, ки 12 декабри соли 1963 ба он даст ёфт, тобеъи Бритониёи Кабир буд. Кения ъузви Иттиҳоди миллатҳо мебошад.
Кения дар ҳоли ҳозир яке аз кишварҳо дар ҳоли рушди пойдори Африқо мебошад.

Поделиться новостью: