ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 10:46 | 10 декабр

Дар Душанбе мусобиқоти байналмилалии тенниси Ҷоми раисҷумҳур баргузор мешавад

Дата: 12:12, 09-08-2019.

Душанбе. 9 август. ТоҷикТА – Рӯзҳои 23-27 августи соли ҷорӣ дар Душанбе мусобиқоти байналмилалии тенниси Ҷоми раисҷумҳур дар миёни ҷавонон баргузор мешавад, гузориш медиҳад ТоҷикТА.
Абдурасул Муҳиддинов, мураббии тими миллии тенниси Тоҷикистон гуфт, ки дар даҳумин мусобиқоти байналмилалӣ теннисбозони Тоҷикистон, Русия, Афғонистон, Покистон, Қирғизистон, Туркманистон ва ғайра ширкат хоҳанд кард.
Рақобатҳо дар корти тенниси ширкати давлатии “Роҳи оҳани Тоҷикистон” барпо мегардад.
Соли гузашта Шодмон Қурбонов ва Анастасия Турсунова, теннисбозони тоҷик барандаи мусобиқот шуда буданд.
Ҳар як аи ғолибони мусобиқот 10 ҳазор сомонӣ (1 ҳазор доллар), барандагони медали нуқра 8 ҳазор сомонӣ ва барандагони брунз 5 ҳазор сомонӣ дарёфт хоҳанд кард.

Поделиться новостью: