ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 22:00 | 15 октябр

Тоҷикистон ва Ҳиндустон масоъили бозгушойии масири парвозро баррасӣ карданд

Дата: 10:05, 08-10-2019.

Душанбе. 8 октябр. ТоҷикТА – Тоҷикистон ва Ҳиндустон масоъили бозгушойии масири парвозро баррасӣ карданд, гузориш медиҳад ТоҷикТА.
Бино ба иттилоъи маркази матбуъотии вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, Султон Раҳимзода, сафири тоҷик дар Ҳиндустон ахиран дар Деҳлӣ бо Хардил Сингх Пурӣ, вазири давлатии ҳавопаймоии шаҳрвандии ин кишвар дидор кард. Дар ин дидор тарафҳо дар бораи тақвият ва густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар заминаи ҳавопаймоии шаҳрвандӣ табодули афкор карданд.
Аз ҷумла, масъалаи бозгушойии масири парвозҳои мустақим дар миёни пойтахтҳо баррасӣ шуд.

Поделиться новостью: