ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 2:20 | 21 август

Тоҷикистон ва Ирон бар зарурати поён додани умури тунели “Истиқлол” таъкид карданд

Дата: 17:48, 08-08-2019.

Душанбе. 8 август. ТоҷикТА – Тоҷикистон ва Ирон ба зарурати поён додани умури тунели “Истиқлол” таъкид карданд, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи панҷшанбе.
Низомиддин Зоҳидӣ, сафири ҶТ дар Теҳрон ахиран бо Ризо Ардакониён, раиси комиссиюни миёнҳукуматии ҳамкории бозаргониву иқтисодӣ, фанновариву фарҳангӣ дар миёни Тоҷикистон ва Ирон мулоқот кард.
Дар мулоқот тарафҳо вазъияти кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ирон дар заминаи энержӣ ва обро баррасӣ карданд.
Ҳамчунин, онҳо дар мавриди баргузории 13-умин ҷаласаи қарибулвуқӯъи комиссиюни миёнҳукуматии ҳамкории бозаргониву иқтисодӣ, фанновариву фарҳангии Тоҷикистон ва Ирон табодули афкор карданд.

Поделиться новостью: