ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 1:11 | 21 август

Дар Тоҷикистон беш аз 116 ҳазор тонна мева бардоштанд

Дата: 14:20, 08-08-2019.

Душанбе. 8 август. ТоҷикТА – Бахши кишоварзии Тоҷикистон дар дар 7 моҳи соли ҷорӣ беш аз 116,5 ҳазор тонна мева бардоштанд, гузориш медиҳад ТоҷикТА.
Бино ба иттилоъи маркази матбуъотии вазорати кишоварзии Тоҷикистон, ҳаҷми тавлиди мева дар муқойиса бо муддати мушобеҳи соли гузашта 21,7 ҳазор тонна афзойишро нишон медиҳад.
Вазорати кишоварзӣ ҳосили хуб бардоштани ангурпарварони кишварро таъкид мекунад.
То ба ҳол дар саросари кишвар 3,3 ҳазор тонна ангур бардошта шуд. Ҳаҷми ҳосили ангур дар муқойиса бо даври мушобеҳи соли гузашта ҳудуди 83 тонна рушд кард.
Дар ин муддат беш аз 655 ҳазору 777 тонна сабзавот тавлид шуд, ки ин шумор дар муқойиса бо даври мушобеҳи соли гузашта 49 ҳазору 649 тонна афзойишро нишон медиҳад.

Поделиться новостью: