ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 15:05 | 17 октябр

Тоҷикистон тавлиди ғалларо 108,6 ҳазор тонна афзойиш дод

Дата: 12:17, 08-08-2019.

Душанбе. 8 август. ТоҷкТА – Дар Тоҷикистон то поёни моҳи июл беш аз 636,1 ҳазор тонна ғалла тавлид шуд, гузориш медиҳад ТоҷикТА.
Бино ба иттилоъи вазорати кишоварзии Тоҷикистон, ҳаҷми тавлиди ғалла дар муқойиса бо даври мушобеҳи соли гузашта 108,6 ҳазор тонна афзойиш ёфт.
Имсол дар майдони беш аз 291,5 ҳазор ҳектор ғалла кишт шуда буд.
Бар асоси додаҳои хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон дар нимаи аввали соли ҷорӣ ба кишвар 547,1 ҳазор тонна гандум ба нархи 197 доллар ба ҳар як тонна ворид шуд. Ин шумор дар муқойиса бо нимаи аввали соли гузашта 35,6 ҳазор тонна, ё 7 дарсад афзойишро нишон медиҳад.
Бар асоси додаҳои ин ниҳод, дар ҳоли ҳозир беш аз 80 ширкат бо воридоти гандум ба ҶТ иштиғол доранд.
Дар шаш моҳи соли ҷорӣ 24,9 ҳазор тонна орд ба нархи 237 доллар ба ҳар як тонна ворид шуд. Ҳаҷми воридоти орд дар муқойиса бо даври мушобеҳи соли гузашта 8 ҳазор тонна, ё 47,3 дарсад рушд кард.

Поделиться новостью: