ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 2:22 | 10 декабр

Як шаҳрванди Тоҷикистон аз хидмати сарбозӣ ба Русия фирор кард

Дата: 11:16, 08-08-2019.

Душанбе. 8 август. ТоҷикТА – Русия як шаҳрванди 18-солаи Тоҷикистонро, ки аз хидмати сарбозӣ ба Русия фирор карда буд,  аз Чувашия хориҷ  кард, гузориш медиҳад ТоҷикТА.
Гуфта мешавад, ки шаҳрванди ҶТ барои нақзи режими вурӯд ба Федерасиюни Русия аз кишвар берун карда шудааст.
Шаҳрванди Тоҷикистон дар додгоҳ гуфт, ки ӯ дар Русия касе надорад, аҳли хонаводааш дар Тоҷикистон мебошад. Вале ӯ ба ҳукми додгоҳ розӣ нашуд, чун, дар ватанаш ӯро ба хидмати сарбозӣ даъват мекунанд.
Додгоҳ ӯро 2 ҳазор рубл ҷарима ва аз Русия берун кард. Ӯ акнун ба муддати 5 сол наметавонад ба Русия ворид шавад.

Поделиться новостью: