ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 20:59 | 15 октябр

Футболбозони ҷавони тоҷик ба Ҷоми Осиё-2020 роҳ ёфтанд

Дата: 18:42, 07-10-2019.

Душанбе. 7 октябр. ТоҷикТА – Тими миллии футболи ҷавонони зери соли 19-и Тоҷикистон дар гурӯҳи “С”-и даври муқаддимотии мусобиқоти Ҷоми Осиё-2020 ҳамаи бозиҳоро паиҳам бурданд ва ба даври аслии мусобиқот роҳ ёфтанд, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи душанбе.
Бино ба иттилоъи федерасиюни футболи Тоҷикистон, шогирдони Зайниддин Раҳимов дар бозии поёнӣ Сурияро бо натиҷаи 1 бар 0 шикаст доданд. Шаҳром Самиев дар дақиқаи 23-вуми бозӣ голи пирӯзиовари тими миллиро ба дарвозаи рақибон ворид кард. Қабл аз ин футболбозони ҷавони кишвар Малдивро бо натиҷаи 9 бар 0 ва Ливанро бо натиҷаи 1 бар 0 мағлуб карда буданд.
Бо ин ҳол, Тоҷикистон дар 3 бозӣ 9 имтиёз касб кард ва садрнишини гурӯҳи “С” гардид. Ин натиҷа футболбозони ҷавони тоҷикро роҳии даври аслии Ҷоми Осиё, ки соли оянда дар Ӯзбекистор баргузор хоҳад шуд, роҳӣ кард.
14 ширкаткунандаи дигари  ин мусобиқот то 10 ноябр муъайян мегарданд.

Поделиться новостью: