ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 21:09 | 15 октябр

Тоҷикистон бо кишварҳои СҲШ 69 дарсади мубодилоти молиашро анҷом медиҳад

Дата: 11:44, 07-10-2019.

Душанбе. 7 октябр. ТоҷикТА – Тоҷикистон бо кишварҳои ъузви Созмони ҳамкории Шонгҳой ҳудуди 69 дарсади мубодилоти молиашро анҷом медиҳад, мегузорад хабаргузории ТоҷикТА.
Бино ба иттилоъи вазорати рушди иқтисод ва бозаргонӣ, Тоҷикистон дар 8 моҳ бо кишварҳои ъузви СҲШ ба арзиши беш аз 1 миллиарду 948,9 миллион доллар мубодилоти молиро анҷом дод. Беш аз 1 миллиарду 657,7 миллион ин маблағ саҳми воридот ва боқӣ саҳми содироти Тоҷикистон аст.
Бар асоси додаҳои манбаъ, дар 8 моҳ мубодилоти молии ҶТ бо Қазоқистон, Русия, Ӯзбекистон ва Ҳиндустон афзойиш ва бо Чин, Қирғизистон ва Покистон коҳиш ёфт.
Тоҷикистон дар ин муддат бо Русия, Қазоқистон, Чин ва Ӯзбекистон ба арзиши 1 миллиарду 850,9 миллион доллар мубодилоти молӣ кард.
Содироти колоҳои Тоҷикистон дар мубодилоти молӣ бо кишварҳои ъузви СҲШ танҳо ба Ӯзбекистон бештар аз воридот аст.

Поделиться новостью: