ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 22:05 | 15 октябр

Сафирони САҲУ дар Душанбе ҳузур доранд

Дата: 14:53, 07-10-2019.

Душанбе. 7 октябр. ТоҷикТА – Ҳайъати сафирони кишварҳои Созмони амнияти ҳамкории Урупо дар Душанбе ҳузур доранд, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи душанбе.
Бино ба иттилоъи вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, дар чорчӯби ташрифи сафирони САҲУ дидори онҳо бо мақомони баландпояи ҶТ барномарезӣ шудааст.
Аз ҷумла, Қоҳир Расулзода, нахуствазир ва Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо онҳо мулоқот хоҳанд кард.
Дар мулоқотҳо масоъилу дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо САҲУ баррасӣ мегарданд.

Поделиться новостью: