ЮНЕСКО 5500-умин солгарди Саразмро ба феҳристи рӯзҳои таҷлилии имсол шомил кард

Дата: 16:39, 06-12-2019.

Душанбе. 6 декабр. ТоҷикТА – ЮНЕСКО ибтикори Тоҷикистон дар бораи таҷлили 5500-умин солгарди шаҳри қадимии Саразм ва 700-умин солгарди зодрӯзи Камол Хуҷандӣ дар сатҳи ҷаҳониро пуштибонӣ кард, гузориш медиҳад ТоҷикТА.
Бино ба иттилоъи маркази матбуъотии ВУХ Тоҷикистон, тасмими таҷлили ҷаҳонии 5500-умин солгарди Саразм ва 700-умин солгарди зодрӯзи Камол Хуҷандӣ, шоъири классикии тоҷик дар конфронси кулли ЮНЕСКО гирифта шуд.
5500-умин солгарди шаҳри қадимии Саразм 12 сентябри соли 2020 ҷашн гирифта мешавад.
Ёдовар мешавем, ки  21 сентябри соли 2001 бо тасмими ҳукумати Тоҷикистон шаҳри Саразм, ки дар ноҳияи Панҷакент ҷойгир аст, минтақаи таърихӣ ва бостоншиносӣ эълом шуд.
31 июли соли 2010 ЮНЕСКО шаҳри Саразмро бо пешниҳоди Тоҷикистон ба феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт кард.

Поделиться новостью: