ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 21:23 | 17 январ

Дар Тоҷикистон бо ҳамкории Чин амнияти биологӣ ва ғизоиро меомӯзанд

Дата: 15:28, 06-12-2019.

Душанбе. 6 декабр. ТоҷикТА – Коршиносони озмойишгоҳи муштараки Тоҷикистону Чин, ки ду рӯз қабл дар Душанбе боз шуд, ба омӯзиши муаммоҳои амнияти ғизоӣ ва биологӣ пардохтанд, гузориш медиҳад ТоҷикТА.
Ин озмойишгоҳ дар пойгоҳи Пажӯҳишгоҳи гиёҳшиносӣ, физиология ва генетикаи растаниҳои ҶТ таъсис ёфт. Ёддошти ҳамкорӣ дар ин бора моҳи феврали соли 2018 дар миёни Фарҳангистони ъулуми Тоҷикистон ва Донишгоҳи соҳибкорӣ ва фанновариҳои устони Гансуи Чин имзо шуда буд. Тавофуқнома дар бораи иҷоди озмойишгоҳи амнияти маводди ғизоӣ муштараки ҶТ ва Чин дар моҳи июли соли ҷорӣ ба имзо расид.
Ин озмойишгоҳ бо таҷҳизоту фанновариҳои имрӯз муҷаҳҳаз шудааст.

Поделиться новостью: