Банкоматҳои Сбербанки Русия бо забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ хидматрасонӣ мекунад

Дата: 14:09, 06-12-2019.

Душанбе. 6 декабр. ТоҷикТА – Акнун беш аз 80 дарсади банкоматҳои Сбербанки Русия ба муштариён бо забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ хидматрасонӣ мекунад.
Бино ба иттилоъи маркази матбуъотии Сбербанк, аксарияти муштариёни хориҷии ин бонк шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон мебошанд. Ба ин далел, бо ҳадафи беҳбуди кори шаҳрвандони ин кишвар бо банкоматҳо, Сбербанк дар интерфейси банкоматҳо забонҳои модарии тоҷикону ӯзбекҳоро ворид кард.
Ҳоло дар ҳамаи дафтарҳои Сбербанк пешниҳодҳое, ки бештар мавриди ъалоқаи шаҳрвандони хориҷӣ аст, ба забонҳои англисӣ, тоҷикӣ ва ӯзбекӣ дастрас мебошад. Ҳамчунин, акнун иттилоъ дар бораи истифодаи нармафзори Сбербанк, иттилоъоти зарурӣ дар бораи истифодаи кортҳо ва ғайра низ ба забонҳои номбаршуда баргардон шудаанд.
Александра Алтухова, намояндаи Сбербанк гуфт, “Шаҳрвандони хориҷӣ маҳсулот ва хидматрасониҳои моро фаъолона истифода мебаранд. Онҳо, ки аз ватан дур ҳастанд, ъодатан боэътимодтарин тасмимҳоро мегиранд. Бо таҳқиқи ниёзҳои онҳо мо фаҳмидем, ки интиқоли пул ба забони модарии онҳо иқдоми калон барои ҳамкории муштариён бо бонк хоҳад буд”.

Поделиться новостью: