ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 22:42 | 19 ноябр

Озмойиши ҳафтаи кории чаҳоррӯзаи Microsoft натиҷаи хуб нишон дод

Дата: 16:34, 06-11-2019.

Душанбе. 6 ноябр. ТоҷикТА – Шӯъбаи ҷопонии ширкати фаромиллии Microsoft озмойиши гузор ба ҳафтаи кории чаҳорррӯзаро бо муваффақият анҷом ёфт, гузориш медиҳад ТоҷикТА.
Дар ин бора хабаргузории Регнум ба нақл аз Bloomberg гузориш дод.
Дар ин озмойиш рӯзи ъиловагии истироҳатӣ ҷумъа буд. Бархе аз кормандони шӯъбаи Microsoft тамоми моҳи август ҳар ҳафта чаҳоррӯзӣ кор карданд. 92 дарсади ширкаткунандагони озмойиш изҳор карданд, ки чунин режими кор ба онҳо писанд омад.
Гуфта мешавад, ки дар ҳафтаи кории чаҳоррӯза кормандон нисбатан камтар дидору мулоқот мекарданд, бештар мулоқоти онлайнро интихоб мекарданд. Онҳо назар ба дигарон 23,1 дарсад камтар барқ масраф карданд ва 58,7 дарсад камтар коғаз навиштанд.
Вале муҳимтар аз ҳама фурӯши шӯъбаи Ҷопони ширкати Microsoft дар моҳи август дар муқойиса бо даври мушобеҳи соли гузашта 40 дарсад афзоиш ёфт.
Ҳафтаи кории чаҳоррӯза назар ба ҳафтаи кории панҷрӯза 16 дарсад асарбахштар буд. Microsoft дар фасли зимистон, ки ба қарибӣ фаро мерасад, мехоҳад ин озмойишро такрорӣ анҷом диҳад.
Ин бор ба кормандон рӯзи вижа кории пардохтшаванда ихтисос намедиҳанд, вале барои гирифтани таътили ихтиёрӣ иҷоза медиҳанд.

Поделиться новостью: