ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 0:02 | 20 ноябр

20 нафари номаълум ба дастаи марзбонони “Ишқобод”-и Тоҷикистон ҳамла карданд

Дата: 15:17, 06-11-2019.

Душанбе. 6 ноябр. ТоҷикТА – Шаби гузашта дар соъати 03.23 гурӯҳи мусаллаҳи номаълум муштамил бар 20 нафар бо силоҳи оташфишон ба пости рақами 4-и “Ишқобод”-и дастаи марзбонони “Султонобод” дар марзи тоҷику ӯзбек ҳамла карданд, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи чоршанбе.
Бино ба иттилоъи маркази матбуъотии нерӯҳои марзии КДАМ, афроди номаълум дар пайи ҳамла 5 силоҳи АКМ-ро забт карданд. Нерӯҳои мусаллаҳ 15 нафари ҳамлакунандагонро аз байн бурданд, 5 нафари дигарро боздошт карданд.
Мутаассифона,  дар ин даргирии мусалллаҳона як сарбози нерӯҳои марзӣ ва як корманди ВУД кушта шуданд.
Дар ҳоли ҳозир гурӯҳи сареъи бозрасӣ ин ҳодисаро бозрасӣ мекунад.

Поделиться новостью: