ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 22:51 | 19 ноябр

Кумитаи молиёти Тоҷикистон беш аз 70 корманди нав ҷустуҷӯ мекунад

Дата: 13:11, 06-11-2019.

Душанбе. 6 ноябр. ТоҷикТА – Кумитаи молиёти вобаста ба ҳукумати Тоҷикистон барои 75 ҷойи корӣ озмун эълом мекунад, гузориш медиҳад ТоҷикТА.
Дар эъломе, ки сойти кумитаи молиёти кишвар мунташир кард, гуфта мешавад, ки ҷойҳои корӣ дар дастгоҳи марказӣ, мудирияти молиётии ВМКБ ва шӯъбаҳои бархе аз шаҳру ноҳияҳои кишвар мавҷуд ҳастанд.
Аз ҷумла, кумита барои  Маркази пардозиши додаҳо, аз ҷумла, мақоми раисии ин марказ ба кормандон ниёз дорад.
Ҳамчунин, мудирияти молиёти ВМКБ ва шӯъбаҳои молиёти шаҳрҳои Хоруғ, Роғун, Ваҳдат, Ҳисор, Турсунзода ва ноҳияҳои Шуғнон, Ишкошим, Роштқалъа, Мурғоб, Рӯшон, Ванҷ, Дарвоз, Лахш, Тоҷикобод, Рашт, Сангвор, Файзобод, Варзоб, Рӯдакӣ ва Шаҳринав ба коршиносон ниёз доранд.

Поделиться новостью: