ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 23:01 | 19 ноябр

ТНД Тоҷикистон дар 9 моҳ бар сари аҳолӣ $593 буд

Дата: 12:47, 06-11-2019.

Душанбе. 6 ноябр. ТоҷикТА – Тавлидоти нохолиси дохилии Тоҷикистон бар сари аҳолӣ дар 9 моҳи соли ҷорӣ беш аз 5 ҳазору 747 сомонӣ (593 доллар) буд, гузориш медиҳад ТоҷикТА.
Бино ба иттилоъи ожонси омори Тоҷикистон, шумори аҳолии кишвар дар ин муддат аз 9,2 миллион нафар бештар шуд.
Соли ҷорӣ ТНД кишвар дар ҳаҷми 78,2 миллиард сомонӣ (8,2 миллиар доллар) барномарезӣ шудааст.
Ёдовар мешавем, ки ҳаҷми ТНД Тоҷикистон дар поёни соли гузашта 68 миллиарду 844 миллион сомонӣ, ё ба сари аҳолӣ 7 ҳазору 565 сомонӣ буд.

Поделиться новостью: