ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 16:04 | 17 сентябр

Тими миллии футболи Тоҷикистон Қирғизистонро бо натиҷаи 1 бар 0 шикаст дод

Дата: 14:46, 06-09-2019.

Душанбе. 6 сентябр. ТоҷикТА – Тими миллии футболи Тоҷикистон дувумин марҳилаи давраи муқаддимотии Ҷоми Ҷаҳон-2022-ро дар гурӯҳи “Ф” бо пирӯзии 1 бар 0 дар рӯёрӯӣ бо Қирғизистон оғоз кард, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи ҷумъа.
Бино ба иттилоъи федерасиюни футболи Тоҷикистон, шогирдони Усмон Тошев рӯзи гузашта дар варзишгоҳи марказии Душанбе дар бозии нахустини гурӯҳи худ Қирғизистонро бо натиҷаи 1 бар 0 шикаст доданд.
Алишер Ҷалилов голи ягонаи тими миллиро дар дақиқаи 42 ба самар расонд.
Ин бозиро дар варзишгоҳи Душанбе 17 800 тан ҳаводор тамошо карданд.
Тими милли Муғулистон дар бозии дигари гурӯҳ Мянмаро бо ҳамин натиҷа мағлуб кард.
Рӯзи 10 сентябр тими миллии Тоҷикистон дар шаҳри Улан Батор ба масофи мезбонон хоҳад рафт. Ин бозӣ ба вақти Душанбе дар соъати 14.00 оғоз мегардад.

Поделиться новостью: