ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 16:12 | 17 сентябр

Шатранҷбози тоҷик дар Ҳиндустон медали тилло касб кард

Дата: 13:02, 06-09-2019.

Душанбе. 6 сентябр. ТоҷикТА – Сабрина Абророва, шатранҷбози ҷавони Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии  шатранҷи рапиди Осиё дар радаи синни то 14 дар миёни духтарон медали нуқраро дарёфт кард, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи ҷумъа.
Бино ба иттилоъи федерасиюни шатранҷи Тоҷикистон, ин мусобиқот дар пойтахти Ҳиндустон баргузор аст. Ҷавонони зери солҳои 6, 8, 10, 12, 14,16, 18 ва 20 дар мусобиқоти шатранҷи стондортӣ, рапид ва блитс барои дарёфти ҷойизаҳо талош мекунанд.
Сабрина Абророва дар мусобиқоти шатранҷи рапид дар 7 бозӣ ба 5 бурд ва 1 мусовӣ даст ёфт Ӯ танҳо як бозиро бохт, ки рақибаш ҳам Рохил Шивик, мезбон ва ғолиби мусобиқот буд. Бо ин ҳол, ӯ медали нуқраи мусобиқотро ба даст овард.
Илҳом юнусов, дабири кулли федерасиюни шатранҷи Тоҷикистон ибрози умед кард, ки Сабрина дар мусобиқоти шатранҷи стондортӣ ва блитс ба медалҳои тилло даст меёбад.
Дар мусобиқот 336 шатранҷбоз аз 10 кишвари Осиё ширкат мекунанд.  Мусобиқот рӯзи 11 сентябр ба поён мерасад.

Поделиться новостью: