ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 15:14 | 17 сентябр

Бонки Ҷаҳонӣ: Пасттарин сатҳи шаҳрнишинӣ дар Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон аст

Дата: 11:40, 06-09-2019.

Душанбе. 6 сентябр. ТоҷикТА – Бонки Ҷаҳонӣ: Пасттарин сатҳи шаҳрнишинӣ дар Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон аст, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи ҷумъа.
Бино ба гузориши Бонки Ҷаҳонӣ – “Кумак ба тавони рушди Тоҷикистон”, танҳо 27 дарсади мардуми кишвар шаҳрнишин мебошанд.
Коршиносони бонкт таъкид мекунанд, ки аксарияи аҳолии Тоҷикистон деҳнишин мебошанд, ва ин сатҳи поинтарин дар минтақаи Осиёи Марказӣ аст.
Созмонҳои байналмилалӣ иброз мекунанд, ки ҳарчанд беш аз 53 дарсади мардуми қобили кор дар кишоварзӣ иштиғол доранд ва чаҳоряки ТНД кишвар аз кишоварзӣ ташаккул меёбад, ҳамагӣ 7 дарсади замини Тоҷикистон қобили киштукор аст. Беш аз 70 дарсади мардуми кишвар дар деҳ зиндагонӣ мекунанд ва корҳои мавсимӣ ва дар аксари ҳол кишту кор дар панбазорҳо ягона корест, ки барои он музд медиҳанд.

Поделиться новостью: