ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 23:51 | 19 ноябр

Столтенберг: Кулли аъзои НАТО бо пайвастшавии Украина ба иттиҳод мувофиқанд

Дата: 16:15, 05-11-2019.

Душанбе. 5 ноябр. ТоҷикТА – Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО дар мусоҳибаи шабакаи телевизионии украинии «1+1» гуфт, ки кулли аъзои НАТО хостори пазируфта шудани Украина ба ин иттиҳод мебошанд.
Ба гузориши хабаргузории Регнум, Столтенберг ба пурсиши “Пайваст шудани Украина ба НАТО чӣ андоза воқеъият дорад” посух дод, ки кулли аъзои созмон ба ъузвияти Украина мувофиқат карданд.
Ӯ афзуд, “Касе ҳатто тасаввур намекард, ки Лаҳистон, кишвари балтикаӣ ъузви НАТО мегардад”.
Ёдовар мешавем, ки Андерс Фог Расмуссен, дабири кулли собиқи НАТО гуфта буд, ки Украина барои  дарёфти ъузвияти НАТО бояд чанд меъёрро бипазирад, ки риоъят ба онҳо вақт мехоҳад. Бархе аз коршиносон бар ин назаранд, ки барои пайваст шудани Украина ба НАТО дастикам 20 сол зарур аст.

Поделиться новостью: